Хизматрасонии «Худро бисанҷ» ба хонандагони шаҳри Душанбе дастрас шуд

Дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нуқтаи истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» таъсис дода шуд.

Ба иттилои маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, хизматрасонии «Худро бисанҷ» дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестӣ ба таври мустақим дастрас аст. Хоҳишмандон метавонанд аз он озода истифода бурда, бо супоридани тест аз фанҳои гуногун тибқи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сатҳи дониши худро санҷида, ҳамзамон ба имтиҳонҳои воқеӣ омода гарданд. Барои истифода аз ин хизматрасонӣ мавҷудияти алоқаи интернетӣ зарур аст.

Ҳамчунин, шакли дигари хизматрасонии «Худро бисанҷ», ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст. Яъне, дар ин ҳолат мавҷудияти алоқаи интернетӣ шарт нест. Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт метавонанд дастаҷамъона ва ё ба таври инфиродӣ ба толори мазкур омада, бо номнавис шуданашон дар низом аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» истифода баранд.

Ҳадафи асосии таъсиси ин гуна толор таъмин кардани шароит ва имконияти мувофиқ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, ҷиҳати боз ҳам хубтар омода шудан ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ҳисоб меравад, мегӯянд масъулини ММТ.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE