Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусобиқаи футболи хурд идома дорад

 Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни донишҷӯписарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» идома дорад.

Тавре аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, мусобиқа дар 3 давр баргузор шуд. Дар зинаи аввал хонандагону донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни ҳам рақобат намуданд. Аз байни онҳо гурӯҳи беҳтарин ҳамчун тими муассиса ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.

Дар даври дуюми мусобиқа, ки дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар алоҳидагӣ рақобат намуданд. Дастаҳои беҳтарин аз ҳар минтақа ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Даври ниҳоии мусобиқа аз 22 то 25 май дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа баланд бардоштани маҳорати варзишии хонандагону донишҷӯён, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо, оммавигардонии футбол,  интихоб намудани беҳтарин бозингарон ба ҳайати тими мунтахаби кумита барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE