Дар Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад
12 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори форум намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии дохилӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Русия ва намояндагони созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (9 декабр) бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчӣ бештар воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дастгирии соҳибкорӣ ва вусъат бахшидани чораҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат доир мегардад.

