Дар Душанбе ҷаласаи хадамоти ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

 9 декабр дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 39-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ роҳбарон ва коршиносони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони шуъбаи ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами соҳаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва оид ба онҳо табодули афкор намуданд.

Ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи башар (10 декабр) баргузор гардида, ба иштирокчиён оид ба қатънома таҳти унвони «Манифести Куруш: Оинномаи барвақт оид ба ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид (UNESCO) 6 ноябри соли 2025 қабул шудааст, маълумот дода шуд.

Аҳамияти таърихӣ ва маънавии Манифести Куруш ҳамчун яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои башардӯстӣ, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро эълон мекунад, таъкид карда шуд. Он саъю кӯшишҳои бефосилаи бунёди низоми идоракуниро инъикос мекунад, ки ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии давоми ҳазорсолаҳо ҷамъшуда асос ёфтааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE