Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинон гӯшт, макарон, орд, равған, шакар, меваю сабзавот, полезиҳо, нон ва маҳсулоти ширию гӯштӣ, инчунин обу афшураҳо пешниҳод гардиданд. Ин тадбир ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти босифату дастрас ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум равона карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 709 678,5 тонна сабзавот ва 269 906,5 ҳазор тонна мевагӣ истеҳсол гардидааст. Дар вилоят суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 106,3 фоиз ва мевагиҳо 117,2 фоиз зиёд аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

