🇹🇯 МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН БО ДАСТАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ РАҚОБАТРО МУСОВӢ ҶАМЪБАСТ КАРД
✅ Дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳои худро дар шаҳри Ҷакарта барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 идома медиҳад.
🔺 Имрӯз, 20 январ футзалбозони Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар Индонезия анҷом доданд. Ҳарифи дастаи мо мунтахаби Арабистони Саудӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ягона голи Тоҷикистонро зад.
🔹 Қаблан дар Ҷакарта яккачини Тоҷикистон ду бозии санҷишии дигар анҷом дода, аз Қирғизистон (2:4) мағлуб шуд ва Индонезияро (3:1) шикаст дод.
🇹🇯 Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) нерӯ месанҷад.
⚽️ ⚽️ ⚽️
🇹🇯 СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА ПО ФУТЗАЛУ СЫГРАЛА ВНИЧЬЮ СО СБОРНОЙ САУДОВСКОЙ АРАВИИ В ДЖАКАРТЕ
✅ Национальная сборная Таджикистана по футзалу под руководством Пайрава Вохидова продолжает подготовку к финальной части Кубка Азии-2026 в Джакарте.
🔺 Сегодня, 20 января, футзалисты Таджикистана провели заключительный контрольный матч на сборе в Индонезии. Спарринг-партнером нашей команды выступила сборная Саудовской Аравии. Встреча завершилась вничью – 1:1. Единственный мяч в составе сборной Таджикистана забил голкипер Фируз Бекмуродов.
🔹 Ранее в рамках тренировочного сбора в Джакарте сборная Таджикистана сыграла два контрольных матча, уступив сборной Кыргызстана (2:4) и одержав победу над сборной Индонезии (3:1).
🇹🇯 Напомним, что в финальной части Кубка Азии-2026 по футзалу сборная Таджикистана выступит в группе «C», где ее соперниками станут сборные Узбекистана (28 января), Японии (30 января) и Австралии (1 февраля).

