ИШТИРОКИ 17 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР TASHKENT GRAND SLAM 2026

Дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tashkent Grand Slam 2026, ки аз 27-уми феврал то 1-уми март дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) муаррифӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 то рӯзи 26-уми феврал 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвари чаҳор қора номнавис шудаанд.

Дастаи мизбон – Узбекистон – бо шумораи аз ҳама зиёд – 55 нафар (28 мард ва 27 зан) иштирок мекунанд.

Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Чин 26 нафар (13 мард ва 13 зан), Русия 22 нафар (11 мард ва 11 зан), Ҷопон 21 нафар (11 мард ва 10 зан), Озарбойҷон 19 нафар (13 мард ва 6 зан), Италия 18 нафар (7 мард ва 11 зан), Тоҷикистон 17 нафар (13 мард ва 4 зан) дохиланд.-

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Умар Расулов, Музамир Каримзода (ҳарду дар вазни то 90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов (ҳарду дар вазни то 100 кг) ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар сабқати занон бошад, аз Тоҷикистон Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа:

27-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

28-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

1-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 27-уми феврал – 7 варзишгари тоҷик (4 мард ва 3 зан) ба рақобат мепардозанд. Натиҷаҳои қуръакашӣ чунинанд:

Мардон

Вазни то 60 кг

Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон) – Сидҳарз Рават (Ҳиндустон)

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон) – Лука Каделия (Гурҷистон)

Вазни то 66 кг

Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон) – даври дуюм: ғолиби ҷуфти Назар Висков (Украина)/Зиянг Хюэ (Чин)

Обид Ҷебов (Тоҷикистон) – даври дуюм: ғолиби ҷуфти Александру Матеи/ Абдуллоҳ Парчиев (Русия)

Занон

Вазни то 48 кг

Аҳлия Муъминова (Тоҷикистон) – Улбусин Ҳакимова (Узбекистон)

Вазни то 52 кг

Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон) – даври дуюм: Холрудои Бишрелт (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)

Вазни то 57 кг

Александра Кан (Тоҷикистон) – Вита Майданик (Русия)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tashkent Grand Slam натавонистанд медал бигиранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохил буданд.

Аз байни онҳо чаҳор нафар – Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило – ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Инчунин, ду нафар – Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кило, Мансур Раҳмон дар вазни +100 кило – ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Соли 2024 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Tashkent Grand Slam соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст овард. Зимнан, ин дувумин медали тилои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо Grand Slam ба шумор мерафт. Медали аввалини тилоро низ ӯ соли 2023 дар Тошканд гирифта буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE