Мянмар: вазъи амниятӣ мураккабтар мешавад

Вазъи амниятӣ дар Мянмар боз ҳам мураккаб мешавад. Дар робита ба ин ҳолат, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аз ҳукумати ғаспгарои низомӣ даъват намуданд то фавран ба хушунат болои сокинони осоишта хотима гузорад. Ба иттилои ВАО – и ҷаҳон, дирӯз дар пайи намоишҳои эътирозии зидди низомиён дар ин кишвар даҳҳо нафар кушта шуда, чанди дигар ҷарохат бардоштанд.

Дирӯз дар аксар шаҳрҳои Мянмар намоишҳои эътирозӣ ба бархӯрдҳои мусаллаҳона табдил ёфтаанд, ки ҷомеаи ин шаҳрро ваҳшатзада намуд. Дар робита ба вазъи Мянмар, намояндаи Комисари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Раввин Шамдасан иттилоъ додаааст, ки дирӯз зимни эътирозҳо дар Мянмар 18 нафар кушта шуда, 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти полиси ин кишвар гуфтааст, ки дар пароканда намудани тазоҳургарон дар шаҳрҳои Янгон, Тавой Мандалай, Мей, Баго, ва Пакхоуку дар баробари гази ашковар, обпош, тирҳои резинӣ аз силоҳи оташфишон низ истифода бурдаанд. Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш ин амали низомиёнро шадидан маҳкум кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба генералҳо фишор оранд. “Дабири кул саркӯбии бераҳмонаи эътирозгаронро дар Мянмар шадидан маҳкум мекунад. Вай аз афзоиши шумораи ҳалокшудагон ва захмиён шадидан нигарон аст. Истифодаи силоҳи низомӣ алайҳи тазоҳургарони осоишта ва ҳабси худсарона қобили қабул нест”, – гуфта мешавад дар изҳороти СММ.

Дабири кул ҷомеаи ҷаҳонро даъват мекунад, ки муттаҳид шаванд ва ба низомиён як паёми возеҳе фиристанд, ки онҳо бояд иродаи мардуми Мянмарро, ки дар ҷараёни интихобот баён шудааст, эҳтиром кунанд ва ба саркӯбиҳо хотима диҳанд”, – омадааст дар изҳороти СММ.

ИМА дар робита ба зӯроварӣ дар муносибат бо эътирозгарони Мянмар ба чораҳои нави ҷавобӣ омодагӣ мегирад. Дар ин бора мушовири президенти ин кишвар оид ба амнияти миллӣ Джейк Салливан изҳор доштааст.

Дар изҳороти мушовири амниятии президенти Амрико омадааст, ки «мо ба чораҳои иловагӣ омодагӣ мегирем, ки барои табаддулоти иттифоқафтода ва хушунатҳо дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва мо ин иттилоъро рӯзҳои наздик паҳн хоҳем намуд”. Ба гуфтаи мушовири президенти Амрико, ИМА дар ин қазия бо шарикону иттифоқчиёнаш ҳамоҳангиро идома хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, ки баъди ғасби ҳукумат дар ибтидои моҳи феврал аз ҷониби низомиён дар Мянмар боиси эътирозҳои мардумӣ аз санаи санаи 6 феврал дар шаҳрҳои бузурги он гардид, ки садҳо ҳазор сокинонро ба кӯчаҳо кашид.

Ба иттилои расонаҳои махалли миёни кушташудагони дируза омузгорон ва хонадагони синфхои боли низ будаанд, ки бар зидди хукумати низоми садо боланд карда дар пайи пароканда намудани эътирозгарон аз тири низомиён  кушта шудаанд. Аз ибтидо ин буҳрон низомиёни Комиссияи интихобтии ин кишварро ба тақаллуб дар натоиҷи интихоботи парлумонӣ дар ин давлат, ки 8 ноябри соли 2020 баргузор гардида, аксар курсиҳоро ҳизби ҳокими Лигаи миллӣ оид ба демократия ба даст овард, гунаҳкор хондаанд. Онҳо мегӯянд, дар ин корзор 10 миллион тақаллубро ошкор кардаанд. Низомиён дар Мянмар вазъи фавқуллодаро ба муҳлати як сол ҷорӣ намуда, гуфтаанд, пас аз он итихоботи нави парлумониро ташкил хоҳанд кард.

Дар гузашта Иттиҳоди Аврупо низ табаддулоти низомӣ дар Мянмарро маҳкум намуда, изҳор дошта буд, ки ба ҷорӣ намудани таҳримоти нав болои нафарони алоҳида, ки дар ғасби ҳукумат даст доранд, омодагӣ мегирад.

Зимни ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо сарони кишварҳои аъзои он ба мувофиқа расиданд, ки бояд вазъи фавқуллода дар Мянмар бардошта шуда, ҳукумат бо роҳи қонунӣ интихоб намудаи он фавран барқарор карда шавад. Дар ҳамин хол, коршиносон таъкид доштаанд, ки агар пеши роҳи хушунатҳо дар Мянмар гирифта нашавад, буҳрони сиёсиву амниятӣ дар ин кишвар боз ҳам печидатар ва имкони сар задании ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд дорад.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE