Амалиёти «Пиёдагард» идома меёбад
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 2 март то 2 апрели соли 2020 амалиёти «Пиёдагард»-ро идома медиҳад. Вобаста ба ин мавзӯъ ба мо иттилло дод сардори Шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода.
Дар ин давра аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Мавсуф гуфт, ки «амалиёти «Пиёдагард» ба коҳиш додани сатҳи садманокӣ мусоидат менамояд. Аммо боиси таассуф аст, ки дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд».
Ба таъкиди сардори Шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати БДА, дар доираи амалиёти «Пиёдагард» дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва олӣ аз ҷониби кормандони БДА суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
«Садои Душанбе»