14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Зимнан иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи навтаъсиси ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 30 ва дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад.