Имрӯз дар маҷмааи «Экспо»-и шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар маҷмааи «Экспо»-и шаҳри Душанбе сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — 2026 баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ҳунармандон ва шарикони рушди соҳаи сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва иқтидори сайёҳии худро муаррифӣ карданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баргузории чунин намоишгоҳҳо барои ҷалби бештари сайёҳон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар мусоидат менамояд.
Дар доираи намоишгоҳ гӯшаҳои махсуси муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои меҳмоннавозӣ ва хизматрасониҳои туристӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

