Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ»…

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» ҳамоиши илмӣ-амалии бузургдошти Мавлоно баргузор гардид.
Дар ҳамоиш олимону донишмандон, устодону муҳаққиқон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба рӯзгор, осор ва ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамоишро мудири кафедраи таърих ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустам Наботи ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик буда, осори ӯ дар ташаккули андешаҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва инсондӯстонаи ҷомеа нақши муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши мероси адабии Мавлоно барои таҳкими худшиносии миллӣ ва шинохти арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик аҳамияти хосса дорад.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE