ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ…
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ !
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ
Асъори миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ ва истиқлолияти иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Пайдоиши пул ба давраҳои қадим бармегардад. Дар ибтидо одамон барои хариду фурӯши молу маҳсулот аз усули мубодилаи мустақим истифода мебурданд. Бо рушди муносибатҳои тиҷоратӣ зарурати пайдоиши воситаи ягонаи пардохт ба миён омад.
Дар Тоҷикистон низ таърихи ташаккули асъори миллӣ бо раванди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми мустақили молиявӣ алоқаманд аст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвар тадриҷан заминаҳои низоми мустақили пулию қарзиро фароҳам овард.

