ДМТ: Ифтитоҳи «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» баъд аз навсозӣ

Бахшида ба 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» ҳамчун махзани илму адаб баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода», ки қаблан Толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ном дошт, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода,  раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «Ганҷинаи  профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» туҳфаи арзандаест ба аҳли илму адаби кишвари фарҳангофар ва китобдӯсти мо, ки ба ҳайси миллати соҳибкитоб ва соҳибмаърифат шинохта мешаванд. Ҳамчунин зикр гардид, ки иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» метавонанд аз ин махзани пурасрор истифода намоянд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва чанд нафар устодони донишгоҳ  дар бораи муҳимияти омӯзиши китобҳои нодири «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» сухан гуфтанд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE