Заргарӣ

Заргарӣ дар баробари дигар ҳунарҳо аз машҳуртарин ҳунарҳои қадима маҳсуб меёбад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Заргарӣ ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ аз филизот, сангҳои қимматбаҳову арзон ва моддаҳои органикӣ мебошад. Он аз қадимтарин ва машҳуртарин навъи санъати ороиши амалист.

Тавре ки дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ зикр гардидааст, бино ба шаҳодати бозёфтҳои бостоншиносон, аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд.

Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, заргарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд.

Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дӯкону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар Бухоро дар гузари Тоқи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О. А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.

Заргарон ҳоло ҳам навъҳои маснуоти заргарӣ — дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак ва ғайраҳоро хеле моҳирона месозанд ва аз рӯи ҳунарашон зиндагиашонро пеш мебаранд. Мудири озмоишгоҳи кафедраи металургияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ Ривоҷ Нимонов аз ҳунари заргарӣ ба хубб бархӯрдоранду дар истеҳсоли ин навъи маҳсулот таҷрибаи бойи касбӣ ҳам доранд.

Ҳарчанд заргарӣ таърихан касби занона ва мардона буд, дар асрҳои миёна ва гузашта ба мардҳо бештар мансуб гашт. Аммо дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ибтидои асри 21 духтарони тоҷик ба ин касб майл ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.

Дар натиҷаи суҳбат бо ин устои чирадаст аниқ шуд, ки имрӯзҳо дар натиҷаи тараққиёти илму техника иҷроиши корӣ қисми зиёди маҳсулоти заргарӣ сирф дастӣ буда, қисми дигар бо истифода аз технологияи муосир сайқалу такмил ёфта буданд. Зимни омода намудани маснуоти заргарӣ сангҳои зебои ороишӣ ва қиматбаҳо, аз қабили алмос, лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷвард, ҷазъ, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, қаҳрабо, ақиқ ва ғайра низ истифода шудаанд.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE