Телевизиони “Илм ва табиат” ба фаъолият оғоз намуд
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ имрўз дар ҳаёти сиёсиву илмии кишвар боз як рӯйдоди муҳимму фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст. Яъне, дар пойтахти ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён,роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли зиё ва хабарнигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар студияи марказии шабаки мазкур бо пахши тугмаи рамзӣ ва пайваст гардидани мавҷи телевизион ба моҳвора нахуст Суруди миллӣ садо дод.
Сипас муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён кормандони ин шабакаро ба муносибати ифтитоҳи боз як шабакаи нави телевизионӣ шодбош гуфта, таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли 2020 зимни вохӯрӣ бо олимони кишвар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карда буданд, ки шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис диҳанд.
“Дар ин шабака таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намояд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созад”, – гуфт Матлубахон Сатториён.
Инак шабакаи мазкур ба фаъолият оғоз кард. Самти фаъолияти он асосан ба таҳлил, тарғиби илми тоҷик ва олимони ҷавону сатҳи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронии худ гуфт, ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” падидаи нек мебошад, зеро он илми тоҷик ва олимони кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Директори Муассисаи давлатии телевизиони « Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” иттилоъ дод, ки шабакаи мазкур дорои 87 воҳиди корӣ мебошад. “Дар баробари таъсис додани шўъба ва бахшҳои телевизион дар шаҳри Душанбе алакай дар минтақаҳо хабарнигорон низ фаъолият менамоянд”, – гуфт директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Зикр карда ба маврид аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи телевизион ва радиои мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваст. Аз ҷумла, ифтитоҳи телевизионҳои “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” ва чанд шабакаи радиоии дигар маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дастоварди бузург ва бесобиқа дар соҳа мебошад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”