Суғд ғолиби Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид
Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Зӯрхона»-и шаҳри Душанбе байни варзишгарони дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ доир гардид. Дар ин бора аз Федератсияи дастхобонӣ Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур аз дастаи вилояти Суғд 32 нафар варзишгар, аз он 12 нафар бонувон иштирок намуда, бо гирифтани 9 медали тилло, 11 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гардиданд.
Ба таъкиди масъулини мусобиқа, ҳадаф аз баргузории чемпионат- тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди ин намуди варзиш ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.