ФУТБОЛ. Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Сингапур бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сингапур дар хусуси  баргузории як бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии ду давлат  дар  моҳи сентябр ба мувофиқа расиданд. Дар ин хусус аз Федератсияи футболи Тоҷкаистон хабар доданд.

Бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон 8 сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Қаблан дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ Тоҷикистон ва Сингапур се бор бо ҳам бозӣ намудаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) пирӯз шуда, мунтахаби Сингапур (2:0) – дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ғолиб гардидааст. Рақобати дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.

Бозии дӯстона

8 сентябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 16:30 ба вақти Душанбе

Сингапур – ТОҶИКИСТОН

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE