Нигаронии СУТ аз хуруҷи дигарбораи коронавирус дар ҷаҳон

Дар ҳоле ки шумораи умумии гирифторони Ковид 19 дар ҷаҳон аз ҳудуди 140 млн нафар бештар шудааст, дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейсус дигарбора аз хуруҷи пандемия изҳори нигаронӣ кардааст. Аммо дар ҳамин ҳол дар як қатор кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла дар Англия дар хусуси кам кардани маҳдудиятҳо ва ба фаъолият шуруъ кардани муассисаҳои фароғативу фарҳангӣ хабар додаанд.

Дабири кулли СУТ Тедрос Гебрейсус аз афзоиши идомаёбанда ба коронавирус дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ намудааст. Бино ба суханони ӯ айни замон нишондодҳои баландтарини гирифторшавӣ ба Ковид 19 аз оғози пандемия ба қайд гирифта шуда истодаанд. Дар баъзе кишварҳое ки аз ин пештар гирифторшавии оммавӣ ба қайд гирифта нашуда буд, имрузҳо бо ҳолатҳои бештар ру ба ру шудаанд. Яке аз чунин давлатҳо бино ба суханони Гебрейсус ин Папуа Гвинеяи нав мебошад, ки пештар танҳо 900 ҳолати мубталошавӣ ва 9 ҳолати марг ба қайд гирифта буд, имрӯзҳо оид ба 9300 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ва 82 фавт хабар додааст.  Ҳарчанд ин нишондод нисбат ба дигар давлатҳо хеле кам аст, аммо СУТ аз афзоиши мубталошавӣ ба ин беморӣ дар ташвиш афтодааст- мегуяд Гебрейсус. Дар ҳамин ҳол канслери Олмон Ангела Меркел аз Бундестаг даъват кардааст, ки ҳар чи зудтар масъулияти эълони вазъи фавқулода ва маҳдудиятро дар саросари кишвар ба зимаи ҳукумат вогузор намояд. Тибқи суханони ӯ ин имкон хоҳад дод, то ҳарчӣ зудтар ва ба таври фаврӣ ба хуруҷи беморӣ аксуламал нишон дода шавад. То ин дам масъулияти эълони маҳдудият танҳо дар заминҳои федералӣ мавҷуд буд. Зимнан ҳукумати Италия қарор қабул кардааст ки аз 26-уми апрел оҳиста оҳиста махдудиятҳо камтар карда шаванд. Дар ин хусус сарвазири ин кишвар Марио Драги эълон доштааст. Дар Англия низ аз сабук кардани маҳдудиятҳо хабар додаанд. Пас аз моҳҳои тулонӣ дар ин кишвар сартарошхонаҳову кошонаҳои ҳусн, мағозаҳои либосфурушӣ ва толорҳои варзишӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Ошхонаҳо бошанд дар ҳавои кушод мизоҷонро қаблу хоҳанд кард. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран дар хусуси беш аз 830 ҳазор ҳолати нави тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон иттилоъ додааст ва дар умум шумораи ҳолатҳои гирифторшавӣ ҳудуди 140 млн нафарро убур кардааст. Бино ба омори охири созмон давоми шабонарузи гузашта, 12 514 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд. Хабар дода шудааст, ки шумораи ҳолатҳои фавт аз оғози паддемия ба 3 012 683 баробар шудааст.

                                                                           Раҳмонзода Мижгон,

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE