Зарардидагони офати табии дар ноҳияи Вахш бо хаймаҳои истиқоматӣ таъмин карда шуданд
Ёдовар мешавем, ки бар асари сели шаби 11 май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш якчанд манзили зист пурра хароб гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, майдонҳои кишт аз лой пур шуданд.
13 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Раиси ноҳияи Вахш ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ин ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуданд, ки ба мардуми зарардида кумакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.