Муроҷиатномаи Ситод вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

«Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ-сели шадид, ки 11 майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ омад ва ба якчанд маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр харобиҳо овард,   пайваста зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд», –  гуфта мешавад дар муроҷиатномаи Ситоди шаҳрӣ вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб.

 

Матни пурраи муроҷиатнома:

«Имрӯзҳо аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо, кормандони идораву муассисаҳои шаҳр дар поксозии кӯчаву хиёбонҳо, наҳру ҷӯйборҳои обгузар, сангобу ҳавлиҳои одамон, инчунин барқарорсозии пулҳову лӯлаҳои обрав ва дигар корҳои созандагӣ якдилона иштирок доранд.

Ба таъкид ишора мекунем, ки сабабгори асосии пуртуғён гаштани наҳру сойҳо дучори монеаҳои сунъӣ гаштани ҷараёни селовард мебошад. Яъне аҳолии шаҳру деҳот, ки ба одитарин қоидаҳои нигаҳдорӣ ва нест кардани партовҳои маишӣ бепарвоӣ зоҳир карда, партовҳои хонаву корхонаи худро ба масири рӯдхонаҳо партофта, пеши роҳи селро гирифтаанд, ҷараёни сел масири худро тағйир дода, ба хонаву ҳавлиҳо сарозер гашт. Агар ба обравҳо афкандани партовҳои маишӣ, ба монанди зарфҳову қуттиҳои пластикӣ, халтаҳову уребчаҳо, пасмондаҳои аз забҳи чорво ба амал омада ва ҳар гуна партовҳои маиширо қатъ накунем, чунин ҳодисаҳои ногувор ҳар сол метавонанд сар зананд.

Бо назардошти ин, ҳамдиёрони муҳтарам, ба шумо муроҷиат намуда огоҳ месозем, ки партовҳои маиширо ба обравҳо, ҷӯйҳо ва наҳру сойҳо напартоед. Партовҳоро танҳо ба қуттиҳо ва ҷойҳои махсуси муайяншуда партоед. Ин ҳама маънии пешгирӣ аз сар задани бемориҳои сироятиро дорад. Обҳои зеризаминии аз лӯлаи чоҳҳои амудӣ ҷориро барои нӯшидан истифода накунед, зеро ин обҳо аз сатҳи болоии замин, ки коллектор номида мешавад, фаввора зада, оби техникӣ мебошанд. Ин обҳо аз ҷамъшавии бориш ба амал омада, ба таври лозимӣ полуда (филтр) нашудаанд ва истифодаи онҳо метавонад сабаби сар задани бемориҳои ногувори сироятӣ гардад.

Худатон дарк кунед ва ба кӯдаконатон бифаҳмонед, ки аз нӯшидани оби ноҷӯшида қатъиян даст кашанд. Фарзандони мактабхонатон бояд бо худ дар зарфҳо оби ҷӯшондаи хунукшуда дошта бошанд, то ташнагиро аз ҳисоби обҳои носанҷида ва ифлос бартараф насозанд. Аз ҳамаи шаҳрвандони бомаърифати шаҳр хоҳиш мекунем, ки ба ҳамсояҳои худ, хонадони худ, ба хурду калон бифаҳмонанд, ки дар тоза кардани назди дару дарвоза ва пушти девори хонаҳояшон саҳм гузоранд. Шаҳри мо хонаи мост. Ҳоло ки фасли баҳор ба поён нарасидааст, дар пешгоҳи ҳавлиатон, пештоқҳои манзилҳои баландошёна гулу гулбуттаҳо шинонед. Мардумони шаҳри Кӯлоби бостонӣ бо гулпарастиву зебоишиносиашон машҳуранд ва поку сафо нигоҳ доштани шаҳрамон, зистгоҳамон мояи обрӯ ва иззату эҳиромамон мебошад.

Мо ба неруи созандаи шумо, ҳамдиёрони бонангу номусамон бовариву эътимоди пурра дорем ва дар иттиҳоду якҷоягӣ аз уҳдаи бартарафсозии ҳама душвориҳои рӯзгор, аз ҷумла оқибатҳои офати табиӣ сабаландона мебароем! Боварӣ додем, ки минбаъд низ дар ин корҳои хайр ҳар яки мо саҳми муносиб мегузорем».

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Кӯлоб Ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият дошта, ҳамаи хисороти расидаро таҳлил ва барои рафъи он  чораҷӯӣ намуда истодааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE