Афғонистон: Дар моҳи майи соли 2021 624-нафар қурбони ҳамлаҳои террористӣ гардиданд
Танҳо дар моҳи майи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 624-нафар кушта шудааст, ки аз ин шумора 302 нафар шаҳрвандони мулкӣ ва 329 нафар низомиён мебошанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳои террористӣ 710-нафар захмӣ гардиданд.
Тибқи иттилои Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, дар натиҷаи задухурдҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарои исломӣ дар Афғонистон моҳи майи соли ҷорӣ 109 кӯдак кушта шудааст.