ДДТТ: 40 нафар донишҷӯ соҳиби «Дипломи аъло» шуданд

3 июн дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими хатми  донишҷӯён доир шуда, 1572 нафар донишҷӯён донишгоҳро хатм намуданд. 40 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино донишгоҳро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуда, соҳиби  «Дипломи аъло» шуданд.

Дар маросими хатми донишгоҳ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки хамткунандагони имрӯзаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки табибони оянда мебошанд, бояд ворисони воқеии Синои бузург бошанду афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома диҳанд ва дар фаъолият содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд. Зеро хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ худ мояи ифтихор мебошад.

Ба гуфтаи  Ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода Донишгоҳ дар тӯли фаъолияти босамари худ  50 ҳазор мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро омода намудааст, ки онҳо на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ  бо касбияти баланд  машҳур гардида, нуфузи донишгоҳ ва Тоҷикистонро боло бурдаанд

Инчунин Маҳмадшоҳ Гулзода изҳори итминон  намуд, ки хатмкунандагон аз уҳдаи вазифаҳои дар пеш истода ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустӣ идома хоҳанд дод.

Дар анҷоми ҳамоиши хатмкунандагон маросими ёд намудани «Савганди табиб (Ҳиппократ)» бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ доир шуда, «Суруди табибон» садо дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE