Собиқ ноиби президенти АМИТ даргузашт

Дирӯз академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/, собиқ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Ҳикмат Муъминов аз олам даргузашт. Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳикмат Муминов 14 сентябри соли 1966 ба дунё омада, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси физика хатм намуда, доктори илмҳои физика ва математика (с. 1996), академик (с. 2017, узви вобаста аз с. 2004, ихтисоси физика) мебошад.

Мавсуф муаллифи 6 монография, беш аз 300 мақолаи илмӣ, 7 патент барои ихтироот буда, самтҳои асосии тадқиқоти илмии ӯ — физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ ва наномавод буданд.

Ӯ дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника (с. 1998 ), медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012) ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 с.) мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE