Мулоқоти Шараф Шерализода бо Мудири кулли «Шивер Тоҷикистон»

Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Мудири кулли «Шивер Тоҷикистон» Филипп Марсиён мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дар мавриди ҷалби сармояи Франсия ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, инчунин ҷалби сайёҳон аз Аврупо ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE