Вазорат: Дар Тоҷикистон каронавирус нест аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ мегирад

«Овозаҳо  дар бораи гӯё хурӯҷ кардани бемории COVID-19   дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи охир дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ  паҳн мешаванд,  асоси воқеӣ  надоранд. Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст»,-гуфт  сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзоев.

Ба гуфтаи номбурда, ҳамасола бо сабаби гарм шудани ҳаво як  зумра  бемориҳо, аз ҷумла бемории пневмония ё худ илтиҳоби шуш авҷ мегиранд.   Рӯзҳои охир ҳарорати ҳаво ба ҳадди нигаронкунанда боло рафта,  мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ оварданд, ки ин амал боиси ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани онҳо гардид. Вале ин маънои онро надорад, ки ин беморон гирифторони бемории COVID-19 ҳастанд.

«Тибқи таҳлили мутахассисон, ҳоло бештар калонсолон ва кӯдакон гирифтори илтиҳоби шуш мебошанд.  Аксарияти онҳо   касоне ҳастанд, ки соли гузашта, ҳангоми хурӯҷи каронавирус бемориро аз сар гузаронидаанд ва шуши онҳо  пурра барқарор нашудааст. Барои пурра барқарор шудани шуш онҳо бояд зери назорати духтурон қарор гирифта,  тавсияҳои онҳоро пурра риоя намоянд ва аз нӯшидани нӯшобаҳои сард ва истеъмоли яхмос даст  кашанд», — таъкид кард Эмомалӣ Мирзоев.

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки муассисахои кумаки аввалияи  тиббию санитарӣ аз 3 то 10 нафарро бо нишонаҳои баландшавии ҳарорати бадан, сулфа, набудани иштиҳо ва беҳолӣ, ки аз аломатҳои асосии илтиҳоби шуш ва COVID-19  маҳсуб  мешаванд,  барои ташхиси COVID-19 пешниҳод  мекунанд, вале хушбахтона ҳамаи он ташхисҳо манфӣ мебароянд.

«Албатта, вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба COVID-19, яъне хурӯҷи ин беморӣ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон  моро ба ташвиш нагузошта наметавонад. Мо ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки Тоҷикистон  орӣ аз каронавирус мемонад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон набояд ба ин масъала бетараф бошанд.  Бояд қойидаҳои гигиениро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд»,-  гуфт  сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE