“Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ” ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар Душанбе
Имрӯз дар Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ҶТ доир гардид. Нотиқон баланд барддоштани маърифати ҷомеа дар муносибат ба дастгоҳҳои иттилоърасонӣ ва қабули маълумоти муътамадро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд. Ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода ин чорабиниро пайгирӣ намуданд:
Дар кори ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ» намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Вазорату кумита, идора, марказҳои таҳқиқотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда пиромони мавзӯи мавриди назар табодули андеша намуданд. Эмомалӣ Насриддинзода- Ёрдамчиии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни баромадаш изҳор дошт, ки амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳими амнияти кишвар маҳсуб ёфта, ба хотири ҳифзи суботи сартосарӣ , дастовардҳои истиқлоли мамлакат аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар ин самт як қатор барнома ва конунҳо ба тавсиб расидаанд, ки он дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ба хифзи амнияти миллӣ нигаронида шудаанд.
Дар идомаи ҷаласаи шурои ҷамъиятии Тоҷикистон намояндагони дигар идораву кумита ва коршиносон соҳаи иттиооту комуникатсия маъруза намуданд зикр шуд, ки дар ҷаҳони муосир техналогияи иттилоотию каммуникатисионӣ ба таври бесобиқа рушд карда ба афкори ҷомеа таъсир мерасонанд. Шаҳлои Акобир роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “ХОМА” бар он назар аст, ки имрӯз дар дастрасӣ ба иттилои зарурӣ ва муътамад ҷомеа ба яксохтори соҳавии иттилотӣ ниёз дорад. Ба таъкиди ӯ дар ҳоле, ки давлатҳову ташкилот ва шахсони алоҳида бо ҳадафҳои гуногун ҳаргуна иттилоъро дар ин бозор пахш мекунанд, кишвари моро мебояд бар он кӯшад, то амнияти иттилоотии худро таъмин намояд.
Дар ҳамоиши Шурои Ҷамъиятии ҶТ «Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ» аз ҷониби дигар коршиносон гуфта шуд, ки ҷанги иттилоотӣ имрӯз аз ҳама дида ба муборизаҳои кишварҳои абарқудрату, ташкилооти ифродгаро ва шахсони алоҳида, ҷиҳати пиёда намудани хостаҳои онҳо табдил ёфтааст. Як иттилои сохта ва ё бардурӯғ метавонад кишварҳоро ба ҷанг кашида миёни халқиятҳо тафриқа андозад.
Дар анҷоми ҷаласаи Шурои ҷамъиятии ҶТ дар мазӯи «Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ» пас аз маърӯзаҳо миёни иштирокдорон пиромони ин мавзӯи муҳими ҷаҳони имрӯза мубодилаи афкор сурат гирифт. Нотиқон ҳифзи амнияти иттилоотиро дар замони бархурди тамаддун, манифатҳо дар ҷаҳон ба манфиати давлату миллати Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Дар охир гуфта шуд, ки пешниҳоди намяондагон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шакли як маҷмма барои андешидани чораҳои баъдӣ дар самти ҳифзи амнияти иттилоотӣ кишвар ба Ҳукумати ҶТ ирсол гардад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе