Ҳайати намояндагони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд омад
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук, коркарди пахта, пӯсту чарм, пилла, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, и коркарди банду басти меваи хушк ва тар, воридсозии тухмиҳои серҳосили пахтаву гандум аз ҷумлаи масоиле буданд, ки 5 июл дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар Анвар Асамов ба вилоят ташриф овард, баррасӣ гардиданд.
Наздик ба 40 нафар масъулини мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Меҳмонон давоми се рӯз аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва гармхонаву боғҳои он боздид карда, бо захираву имкониятҳо шинос мегарданд.
Зимни суҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Асамов доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва зиёд намудани табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзодатаъкид кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба марҳилаи нави ҳамкории сифатан нав асос гузошта шуда, табодули молу маҳсулот миёни ду давлати дӯст дар ҳоли афзоиш аст.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоту музокироти сарони ду давлат, ки 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид, ки муносибатҳои иқтисодии миёни минтақаҳои ду мамлакат бояд аз ин ҳам беҳтар карда шавад. Самараи чунин мулоқот буд, ки чанде қабл доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, бо вазъи иқтисодии ин вилоят ва захираву имкониятҳои он шинос гардиданд.