Ораш Алоӣ дар меҳмонии “Садои Душанбе”

Иммунизатсия ё эмкунӣ ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот дода, онҳоро аз маъюбӣ ва ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад. Иммунизатсия ё ваксинагирӣ ин раванде мебошад, ки тавассути он шахс масъуниятро бар зидди бемориҳои сироятӣ бо роҳи гузаронидани ваксина пайдо мекунад. Имунизатсия дар аксари маврид ба таври нақшвӣ гузаронида мешавад. Иммунизатсияи нақшавӣ гузаронидани иммунизатсия тибқи тақвими миллии ваксинагирӣ мебошад. Он асоси эмкунӣ ё иммунизатсияро ташкил медиҳад. Он маводи тиббии иммунобиологие мебошад, ки барои пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешавад. Ченаки арзишии он воя буда, миқдораш бо он шумурда мешавад. Воя миқдори муайяни ваксина аст, ки барои иммунизатсия истифода бурда мешавад.

Бояд гуфт, иммунизатсия ё ваксингирӣ яке аз хизматрасониҳои асосии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб рафта, маҷмўи асосии фаъолияти худро дар самти ваксинагирии кўдакон, наврасон ва калонсолон амалӣ мегардонад. Дар шаҳрҳо иммунизатсия аз ҷониби марказҳои саломатии шаҳрӣ, марказҳои тибби оилавӣ, таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллуд, дар деҳот аз ҷониби марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ гузаронда мешавад. Барои иммунизатсияи минтақаҳои дурдасти аҳолинишин гурўҳҳои сайёр ва мобилӣ аз ҳисоби кормандони тибби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ташкил карда мешаванд.

Пешгирӣ ҳамеша нисбат ба табобат хеле осон ва камхарҷтар аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як нафар бояд ба ваксина алайҳи вирусҳо фаро гирифта шавад ва барои иҷрои ин амал сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кунад. Ваксинагузаронӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат ройгон аст. Ҳар як шахс барои эмкунӣ ҳуқуқ дорад ва набояд онҳоро аз ин ҳуқуқ маҳрум намуд. Иммунизатсия усули аз ҳама самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Вақте ки шахс эм карда мешавад, системаи сироятнопазирӣ ба ваксинаи воридкардашуда ба муқобили барангезандаи беморӣ масъуният ҳосил мекунад. Ҳамин тавр, иммунизатсия дар вуҷуди шахс қобилияти муҳофизатиро бар зидди беморӣ ба вуҷуд меорад. Имунизатсия вобаста ба бемориҳо дар синну соли гуногун тибқи тақвими миллӣ гузаронида мешавад.

Ҳар як нафар барои эмкунӣ ё гирифтани ваксина ҳуқуқи комил дорад ва набояд нафаре пеши ин роҳро гиранд, зеро монеи эмкунӣ шудан, маънои онро дорад, ки шахсро аз солиму бардам ба воя расидан, маҳрум менамоянд. Тибби муосир дар пешгирии бемориҳои сироятӣ беҳтару хубтар аз ваксинаҳо ҳеҷ дорую дармоне кашф накардааст. Ваксинаҳо бехатар мебошанд. Хавфи бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ карда мешаванд, ба сиҳатии аҳолӣ аз худи ваксинаҳо дида бештар аст. Масалан, бемории полиомелит метавонад, ба маъюбӣ оварда расонаду оқибати сурхча метавонад, омоси майна ва нобиноӣ бошаду натиҷаи гирифторӣ ба COVID – 19 марги бармаҳал. Баъзе бемориҳое, ки тавассути ваксинаҳо пешгирӣ кардани онҳо хеле осон аст, метавонанд марговар бошанд.

Яке аз омилҳои асосии солиму бардам нигоҳ доштани одамон ваксинагирии саривақтии онҳо мебошад. Тавассути ин амал масунияти бадан баланд бардошта шуда, он таъсирнопазириро ба бемориҳои сироятии имконпазири идорашаванда ба вуҷуд меорад. То давраи истифодаи ваксина одамони зиёде ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуда, бархе маъюб мешуданд, бархе мефавтиданд. Масалан, танҳо ба шарофати эмкунӣ инсоният тавонист, аз бемории хатарноки нағзак (гул) раҳоӣ ёбад ва ин бемориро дар рӯи олам маҳв намояд. Мақсади гузаронидани ваксина ба даст овардани солимии ҷомеа, маҳв намудани бемориҳои сироятӣ ва коҳиш додани фавт аз ин бемориҳо мебошад.

БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ “СУҲБАТ ДАР МАВЗУИ РӮЗ” БО ОРАШ АЛОӢ

Бояд гуфт, тамоми ваксинаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мебошанд. Пеш аз истифодаи ҳар як ваксина, онро 10-20 сол зери омӯзиш қарор медиҳанд. Бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳо аз тарафи созмонҳо ва вазорати марбута мунтазам таҳти назорат гирифта мешавад. Ваксинаҳо ба организми ҳар як инсон тариқи сӯзандору, ки иммунизатсияи тазриқӣ ном дорад, инчунин, чаконидани қатра ба даҳон ва бо роҳи интранозалӣ, яъне чаконидан ба бинӣ, гузаронида мешаванд. Воксинаро бо роҳисӯзандору дар зери пӯст, даруни пӯст ва даруни мушак мегузарнанд, ҳамчунин бо роҳи қатрагӣ-даҳон ва бинӣ мечаконанд. Сухршавию дардмандӣ ҳолати муқаррарист.

Организми шахс қодираст, ки тамоми ваксинаҳои мувофиқи тақвими ҷоришуда гузаронидашавандаро қабул намояд. Онҳо аксуламалҳои ҷиддӣ надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо пас аз тазриқ намудан, ҳолатҳои сабук ва зудгузар, ба монандӣ сурхшавӣ, дардмандӣ дар ҷои тазриқ ва баланд шудани ҳарорати бадан ба назар мерасад. Агар пас аз имунизатсия масуният ҳосил нашавад ва шахс бо барангезандаи беморӣ дучор шавад, эҳтимолияти беморшавии ӯ вуҷуд дорад, аммо беморӣ метавонад сабук гузарад. Мумкин аст, ки шахс бо барангезандаи беморӣ то иммунизатсия шуданаш сироят ёфта бошад. Дар ин ҳолат дар организми шахс худ аз худ масунияти табиӣ ҳосил шуда, бо беморӣ мубориза мебарад.

Ваксинаро набояд дар шароити хона гузаронид. Имунизатсияро дар марказҳои саломатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ, ки дорои ҳуҷраҳои махсуси ваксинагузаронии муҷаҳҳаз бо техникаҳои зарурӣ ва маводҳои дорувории зидди садамавӣ мебошанд, мегузаронанд. Бояд бо зҳам хотиррасон намуд, ки дар шароити хона имунизатсия кардан қатъиян манъ аст. Ба шахсоне, ки аз иммунизатсия дар канор мемонанд, хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ бештар таҳдид мекунад. Вақте шахсон мубталои бемориҳои сироятӣ мешаванд, ба замми ин ки саломатии худашон зери хатар қарор мегирад, барои атрофиён низ манбаи хатари сироятёбӣ маҳсуб мешаванд. Шаҳрвандон ҳаминро бояд дарк кунанд, ки танҳо ба воситаи иммунизатсия, ки мувофиқи тақвими миллӣ пешбинӣ карда шудааст, шахсон ва аъзои дигари оиларо аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доштан имконпазир аст.

Дар организми баъзе шахсон баъди эмкунӣ тағйирот (ҳароратбаландӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ…) ба амал меояд, ки ин аксар волидонро нигарон мекунад. Вақте ваксина ба организми шахс ворид карда мешавад, он аксуламал нишон медиҳад, ки ин маъмулӣ аст, чун организм мубориза бурда, иммунитет бар зидди бемориҳои сироятӣ шакл мегирад. Волидонро мебояд, барои паст кардани ҳарорати бадани шахс аз истифодаи доруҳои пасткунандаи ҳарорат худдорӣ намоянд. Чун дар ин маврид ҳарорати то 38 дараҷаи бадан муқаррарӣ ҳисобида мешавад. Танҳо дар сурати аз 38 дараҷа боло шудани ҳарорати бадан волидонро мебояд ба табиби минтақавӣ ё оилавӣ муроҷиат намоянд.

Хулоса, ваксинагирӣ дар самти солимии инсон нақши бузург дорад. Маҳз ба туфайли он паҳншавии бошиддати аксар бемориҳои вазнину хатарноки сироятӣ пешгирӣ карда мешавад. Танҳо ин васила метавонад пеши роҳи ҳар гуна бемориҳои сироятиро гирифта, кафолати солимии ҷомеа бошад. Ваксинагирӣ ин солимию бардамии шахсон асту насли ояндаи кишвар ва месазад, ки барои солимии онҳо ҳамагон мубориза барем.

Аз идора: Идомаи андешаҳои вирусологи шинохта Ораш Алоиро дар суҳбати Манзура Шарипова имрӯз соати 21:10 дар нашри такрории барномаи таҳлилии “Суҳбат дар мавзӯи рӯз” аз мавҷи мо бишнавед.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE