Шаҳринав: Барои истироҳати тобистонаи хонандагон шароит фароҳам оварда шудааст
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи дурусти наврасон ва муҳайё намудан барои истироҳати бофароғати хонандагон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ дар назди 6 муассисаи таълимӣ 310 нафар наврасону кӯдаконро ба истироҳату машғулиятҳои тобистона фаро гирифтанд.
Сарнозири меҳнати иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Абдулоиқ Саидов изҳор дошт, ки масъулини маорифи ноҳия хонандагонро аз оилаҳои камбизоат, ятимон ва хонандагони фаъол ба лагерҳои наздимактабӣ ҷалб карда, барои онҳо хӯроки гарм ва шароити мусоид таъмин намуданд.
Директори муассисаи таълимии №15-и ноҳия Назокат Қурбонова мегӯяд, ки «дар муассисаи таълимии мо бо ташаббуси соҳибкорону хоҷагидорон ва маблағҳои давлатӣ шароити хуби истироҳат муҳайё намуда, 50 нафар ятиму камбизоату хонандагони фаъол ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд. Мураббияҳо дар байни истироҳаткунандагон озмунҳои гуногун аз қабили «Офарин», «Кани бачаҳо», «Чароғаки раҳнамо» ва «Ки пештар»-ро доир намуда, ҳамроҳи онҳо бо китобхонию хушнависӣ ва обозию дигар машғулиятҳои варзишӣ машғул шуданд, ки дар рушди зеҳнияти кӯдакону наврасон таъсири мусбат мерасонад».
Тибқи иттилои масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав, дар баробари лагерҳои наздимактабӣ 15 нафар фарзандони омӯзгоронро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» роҳхат додаанд. Ҳамчунин 30 нафар хонандагони синфҳои болоӣ аз ҳисоби писарон дар лагери сайёҳии серӯза дар Ҷамоати деҳоти Сабо истироҳати бофароғат намуданд.