Бӯстон: Бинои бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ шуд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Бинои бахш аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқи таҷҳизоти назорати аналитикӣ ҷойгир шудаанд. Маҷлисгоҳ бо 52 ҷойи нишаст, китобхона барои 1000 адад китоби адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи электронӣ насб гардидааст. Утоқи таҷҳизоти назорати аналитикӣ бо 8 адад дастгоҳ барои ченкунии сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва радиатсия ҷиҳати гузаронидани мониторинги экологӣ истифода карда мешавад.

Дар ошёнаи дуюм – қабулгоҳ, утоқи кории мудири бахш ва сармутахассис, ҳамчунин ду адад утоқи корӣ барои мутахассисон ва бойгонӣ ҷойгир мебошанд. Ҳамаи ин утоқҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз ҷумла 4 адад компютер ва принтер таҷҳизонида шудаанд. Ошёнаи сеюм барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист чун меҳмонхона хизмат намуда, аз чор ҳуҷра иборат мебошад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE