Олимпиадаи Токио-2020 бидуни мухлисон

Бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 Ҳукумати Япония дар  шаҳри Токио ҳолати фавқулодда ҷорӣ намуд. Сарвазири Япония Ёшиҳиде Суга тасмим гирифт, ки шаҳрро аз рӯзи душанбе -12 июл то 22 август зери маҳдудиятҳои шадидтарин нигоҳ дорад. Аз ҷумла Олимпиадаи Токио-2020 низ бидуни мухлисон баргузор мешавад.

Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ибтидо, созмондиҳандагони Токио-2020 розӣ буданд, ки Токио ҳангоми аз вазъи фавқулодда берун шудан, ҳадди аққал 10 000 мухлис ё 50 фоизи иқтидори майдонро иҷозат диҳанд.

Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23 июл то 8 август баргузор шаванд. Аз замони сар задани пандемияи COVID-19 дар аввали соли 2020 ин чорумин ҳолати фавқулоддаи Токио хоҳад буд. «Мо умедворем, ки одамонро дар таътили тобистона, то даме ки ҳама ваксина мегиранд, ҳифз кунем», — гуфтааст вазири эҳёи иқтисодӣ, масъули вокуниши COVID-19 Ясутоши Нишимура.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Япония танҳо 15,2 фоизи аҳолии худро пурра ваксина кардааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE