Ҳисор: Фаҳмонидани чораҳои бехатарӣ ва роҳу усулҳои муқовимат бо коронавирус миёни сокинон

Бемории ҳамагири КОВИД-19, ки дар саросари ҷаҳон паҳн гардидаву бо навъҳои гуногун зуҳур кардааст, хатари асосӣ ба ҷони башарият маҳсуб меёбад. Зеро аз замони пайдоиши ин бемори миллионҳо нафар олуда гардидаву бештар аз ин шумора ҷони худро аз даст додаанд. Мутаассифона дар қаламрави кишварамон низ гирифторон ба ин навъи беморӣ мушоҳида мегардад. Дар баробари андешидани чораҳои бехатарӣ, КОВИД-19 ҳаёти осоиштаи сокинонро ба думбол дорад. Ин аст, ки масъулини ниҳодҳои дахлдор дар манотиқи мухталифи мамлакат ҳамарӯза корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои бехатариро андешида, бадин васила кӯшиши паст намудани шиддати афзоиши ин бемориро доранд.

Дар шаҳри Ҳисор низ вобаста ба муқовимат ва пешгирӣ аз бемории Коронавирус Ситоди шаҳрӣ ташкил гардида, ҳамарӯза аз ҳолати кунунӣ натиҷагирӣ карда мешавад. Чунин раванди кор буд, ки дар фурсати муайян, афроди ниёзманд ба табобат фаро гирифта шуда, вазъи саломатиашон ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Юсуфалӣ Ҳасан, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳр, ки аъзои Ситод аст, мегӯяд баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ дар ҳудуди шаҳр натиҷаи мусбат ба бор овард ва бархурди мардум бо бемории мазкур дигар шуд.

Барномаи навбатии “Ҷомеаи муосир” вобаста ба фаҳмонидан ва татбиқи чораҳои бехатарӣ ва роҳу усулҳои муқовимат бо коронавирус миёни сокинони шаҳри Ҳисор таҳия шудааст, ки шунавандагон метавонанд онро соати 09:10 ба таври оригиналӣ ва шабона, соати 21:10 ба таври такрор аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунаванд.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE