Нишастҳои матбуотии 14 июл

Пагоҳ, 14 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи  якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Саридораи геология нишасти матбуотиро соати 08:30 дар Саридораи геология доир менамояд. Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 09:30 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт баргузор мешаванд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Хадамоти мазкур доир менамояд. Палатаи савдо ва саноат соати 14:00 дар Палатаи мазкур  нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE