Файзуллозода: Беш аз 12, 5 миллион сар чорво ва паранда эм карда шуданд
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз бақайдгирии 1 нуқтаи номусоиди бемории сӯхтанӣ, 3 сиёҳрон, 25 ҳорӣ, 2 брадзоти гӯсфандон, 2 нуқтаи пастерелёзи чорвои хурди шохдор дар соли равон дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ буда, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудаанд.
Тавре Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани манбаъҳои эҳтимолии сироят ваксинаҳо харида шудаанд. Аз ҷумла, 2030000 воя ваксинаи сӯхтанӣ, 421800 воя ваксинаи вабои сумдард, ваксинаи брутселлёз (Рев-1)- 207650 воя, ваксинаи брутселлёз (Шт-82)- 10 000 воя, ваксинаи гули ЧМШ- 500 000 воя, ваксинаи тоуни паранда (Шт-Н)- 300 000 воя, ваксинаи ҳорӣ (ТС-80)- 101000 воя, маводи аллергении туберкулин- 100 000 воя, инчунин маводи ташхиси бемориҳои брутселлёз ва ҳорӣ, ҷамъ ба маблағи 2400380 сомонӣ харидорӣ ва дастрас гардида, барои гузаронидани корҳои безараргардонӣ ба зерташкилот ва мақомоти ҳудудии Кумита тақсим карда шуданд. Аз ин ҳисоб барои пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар байни бештар аз 12,5 миллион сар ҳайвонот ва парандаҳо чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, бар зидди бемории сӯхтании чорвои калони шохдор 1 085289 сар, чорвои хурди шохдор 1648 003 сар, аспҳо аз 29 ҳазор сар, маркабҳо наздик ба 50 ҳазор сар, инчунин бар зидди вабои сумдарди чорвои калони шохдор зиёда аз 278 ҳазор сар, чорвои хурди шохдор беш аз 541ҳазор сар, ҳамзамон зидди бемории сиёҳрон зиёда аз 81 ҳазор сар чорвои калони шохдор, брутселлёз 1646 сар, Рев 27359 сар, гули гӯсфандону бузҳо қариб 170 ҳазор сар, тоуни чорвои хурди шохдор- беш аз 42 ҳазор сар, ҳории тамоми намуди ҳайвонот 93,4 ҳазор сар, бемориҳои ангалӣ- беш аз 573 ҳазор сар, бемориҳои пӯсти ҳайвонот- зиёда аз 290 ҳазор сар, бемориҳои паранда- 8069410 сар ба эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шудаанд.
Ҳамзамон, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар Муҳаммадсаид Файзуллозода афзуд, ки барои муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ имсол нисбат ба беш аз 440 ҳазор чорвои калон ва хурди шохдор санҷиши брутселлёз гузаронида шуд. Аз саршумори санҷидашуда 515 сар чорвои мубталои беморӣ муайян гардида, аз ин 380 сар чорвои бемор тибқи дастурамали мубориза бар зидди бемории брутселлёз забҳ карда шуд ва нисбат ба забҳи 135 сар чорвои боқимонда аз ҷониби мутахассисон чораҷӯӣ идома дорад.
Тибқи иттилои роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар, соли равон нисбат ба бемории сил дар байни 12095 сар чорвои калони шохдор санҷиш гузаронида шуд, ки ин омор беш аз 20 фоизи нақшаро ташкил дода, саршумори санҷидашудаи чорвои ба туберкулин ҷавоби мусбатдода муайян карда нашудааст. Муҳаммадсаид Файзуллозода афзуд, ки алҳол ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбат ба бемориҳои буғумдард ва сил мутаносибан ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон дар нишаст таъкид гардид, ки дар ин давра дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии шаҳру навоҳии мамлакат чорабиниҳои безараргардонӣ, аз ҷумла, дар масоҳати беш аз 496 ҳазор метри мураббаъ дезинфексия, 1,3 ҳазор метри мураббаъ дезинсексия ва дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ дератизатсия гузаронида шуд.