Мулоқоти Дилшод Раҳмон бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон
15 июл дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Ҷумҳурии Франсия Дилшод Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран баргузор гардид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентӣ дар асоси сиёсати сарони кишварҳо таҳкиму густариш ёфта, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Франсия ба сатҳи сифатан нав расида, ба ниёзҳои тарафҳо, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Дилшод Раҳмон иқтидори парламентарҳои кишварҳоро беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои мухталиф, бахусус маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки баҳри фарогирии ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Франсия ҷудо намудани бурсияҳои бештар бамаврид мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҷоннок намудани кори гурӯҳҳои байнипарлумонӣ фазои мусоид барои омӯзиши амиқи механизми қабули қонунҳои барои ҷомеа судманд ва табодули дастовардҳои илмӣ фароҳам мегардад.
Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам ривоҷ ёфтани робитаҳои мавҷуда талош ба харҷ хоҳад дод. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расид.