Манбаи оби нӯшокии босифат

Дарёи Сиёма дар масофаи 54 км дур аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо бадарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон дар асоси ташхисҳои бисёр карата ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби «Сиёма» ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом вабарои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки оби «Сиёма» дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Толиб Маҷидов, рощбари тиыоратии ҶДММ «Сиёма» вобаста ба фаъолияти корхонаи мазкур гуфт, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад.

Таҷҳизоти истеҳсолии дар корхона насбшуда аз Ширкати бонуфузи фаронсавии «Сидел», ки дар арсаи байналмилалӣ дар байни истеҳсолкунандагони об ҷойи намоёнро ишғол менамояд, оварда шудааст. Толиб Маҷидов, мегӯяд, барои таъмин намудани бозори дохили ва содирот намудани молҳои дар кишвар истеҳсолшуда бояд соҳибкорон тамоми талошҳоро ба кор баранд, то молҳои босифат ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалиро истеҳсол намоянд.

Норинисо АБДУЛЛОЕВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE