Баррасии вазъи Афғонистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

17 июл дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.

Имрӯз  дар Тошканд инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE