Нуриддин Саид: Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар пахши рақамӣ 72 фоизро ташкил медиҳад

Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давалатии телевизион дар пахши рақамӣ ҳоло 72 фоизро ташкил медиҳад. Фоизи фарогирӣ дар пахши аналогӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» 99,72 фоиз, «Телевизиони Сафина»-92,70 фоиз, «Баҳористон»-89,01 фоиз ва «Ҷаҳоннамо»-78,96 фоиз мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки барои таъмини телевизиони «Илм ва табиат» бо пахши HD фиристандаҳои рақамӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҳали  Тошработи вилояти Хатлон ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд насб карда шуданд ва ҳоло фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизиони «Илм ва табиат» 51,2 фоизро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки МД «Ҷаҳоннамо» дар ин шабу рӯз тавонистааст хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро ба таври фаврӣ пахш намояд. Зеро дар ин муассиса гурӯҳҳои корӣ махсус ба забонҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият доранд. Директори МД «Ҷаҳоннамо» Садриддин Шамсиддинзода вобаста ба пахши рақамӣ иброз намуд, ки «МД «Ҷаҳоннамо» тасмим дорад то охири соли равон пурра ба пахши рақамӣ гузарад».

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои тадбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Шаҳнавоз», ки 30 июни соли 2021 ба тавсиб расидаанд, аз ҷониби Кумита тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

«Дар Кумита бори аввал даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир карда шуд, ки дар он беш аз 30 нафар кормандони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзида, 10 нафар ба даври  дуюми озмуни мазкур мазкур роҳ ёфтанд ва ба комиссияи ноҳиявии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардиданд», — афзуд Нуриддин Саид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE