Таъсиси магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар Академияи идоракунии давлатӣ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолиятро самаранок ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар заминаи Академия магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд. Раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдухалил Ғафурзода ба  хабарнигорон изҳори назар намуд.

Зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 Академияи идоракунии давлатиро 883 нафар донишҷӯёну магистрантон бояд хатм менамуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 556 нафар зиёд мебошад. Аз 834 нафаре, ки дар аттестатсияи давлатии хатм иштирок намуданд, 808 нафарашон аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузашта, 26 нафар хатмкунандагон, мутаассифона, соҳиби баҳои ғайриқаноатбахш гардида, аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштанд. Натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта 5,9% баланд шудааст. Аз шумораи умумии хатмкунандагони зинаи бакалавру магистратура 54 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд, ки 10,1%-и умумиро ташкил медиҳад.

Абдухалил Ғафурзода вобаста ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ иброз дошт, ки Пажӯҳишгоҳ ҳамчун воҳиди сохтории Академияи идоракунии давлатӣ дар кори гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати пурсамар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ нақши фаъол дорад.

Айни замон дар сохтори Пажӯҳишгоҳи  идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ 4 маркази омӯзишии илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шудаанд, ки ин Маркази таҳлил ва тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ; Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ; Маркази омӯзиши масоили муҳоҷират ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо мебошанд.

Фаъолияти Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон равона шуда, самти кории Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия мебошад. Зикр шуд, ки дар Академия 3824 донишҷӯ ва магистрант  таҳсил  менамоянд, ки 787 нафарашон тариқи ройгон ва 3037 нафар тариқи пулакӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE