Маҳсуле аз дили хок
Кулолгарӣ ҳунарест, ки дар доираи он аз лойи махсус зарфҳову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Аз хоки махсус тайёр кардани зарфро одамон ҳанӯз аз ибтидои давраи неолит (ҳазораи 5 то милод) омӯхта буданд. Барои паҳншавии кулолгарӣ мавҷуд будани хоки мувофиқ мусоидат намуд. Кулолӣ аз давраҳои қадим маҳсулоти аз ҳама наздик ва аз ҳама дастрас ба шумор мерафт.
Дар асрҳои қадим баъд аз гулханҳои калоне, ки онҳо истифода мебурданд, дарёфтанд, ки гили дар он ҷои гулхан афрӯхта ва алов сӯхташуда нисбатан сахт ва боқувват мешавад. Аз ҳамон замонҳо сар карда одамон ба сохтани чизу чораҳои гилин сар карданд ва он чизҳоеро, ки месохтанд дар оташҳои калон мепухтанд. Оҳиста-оҳиста онҳо ба сохтани ашёҳои рӯзгоре, ки ба онҳо лозим буд, гузаштанд: косаю табақ, дегу кӯзаҳо ва дигар олотҳои рӯзгор ва бозичаҳоро тадриҷан дар тафдонҳои махсус мепухтанд.
Бо пайдо шудани маҳсулоти дигар, ба монанди оҳан, шиша, тилло, нуқра, мис ва кашф шудани гили сафед – чинӣ (фарфор) гили кулолӣ қиммати худро гум накард. Дар ибтидо кулолгарӣ пешаи занон буда, пас аз ихтирои чархи кулолӣ мардҳо ҳам ба кулолгарӣ машғул шуданд.
Суҳроб Саидов, кулолгар аз пойтахт, мегӯяд, кулолгарӣ санъатест, ки маводи он ба воситаи пухтани лой ва махлутҳои он бо иловаи нуриву, оксиди металлҳо ва дигар пайвастагиҳои ғайриорганикӣ ба даст оварда мешаванд. Чӣ хеле ки маълум аст, хок ва сафол дар ҳаёти инсоният мавқеи махсусеро дорост. Хок, пеш аз ҳама, яке аз унсурҳои асосии пайдоиши ҳаёт дар рӯйи замин аст. Инчунин, гил, ки асоси кулолгарӣ ба шумор меравад, аввалин маводи табиие мебошад, ки инсон ба даст овардааст. Минбаъд хеле серистеъмол гардидаст.
Гилро инсон қариб дар аксарият ҳолатҳои зиндагӣ мавриди истифода қарор медод. Таърихи инсоният истифодаи гилро аз тахтачаҳои лойии Байнаннаҳрайн, ки барои ифодаи хатҳои мехӣ истифода шуданд, сар карда буданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар чандин мавзеъ ҳатто гилро ҳамчун хӯрок истифода мебурдаанд. Масалан, мардуми Шарқ дар хӯрокашон “равғани замин”- лойи сафедро истифода мекарданд. Вайро бо шири гавазн ҳамроҳ карда мехӯрданд ва ё ба оби гӯшт ҳамроҳ менамуданд.
Дар даҳсолаи якуми асри XXI бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд барнома, қонун, консепсияе, ки мушкилоти ҳунармандиро таҷассум мекард, қабул гардид. Ба ин мисол шуда метавонад: “Консепсияи рушди фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2008 то 2015, “Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ниҳоят “Солхои рушди дехот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2019-21. Дар чунин марказҳои анъанавии истеҳсоли кулолгарӣ ба монанди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Исфара, Рашт ва деҳаҳои Чоркӯҳу Қариятоқ, ВМКБ ва дигар марказҳо донандаи гурӯҳи кулолгарон ҳоло дар амал ба ин ҳунари қадимӣ камтар даст мезананд. Сабабаш ин аст, ки бо пайдо шудани маҳсулоти пластмасӣ маҳсулоти кулогарӣ қимати худро гум кард, чунки устоҳои кулолгар бо сабаби арзон будани маҳсулоти пластмасӣ, маҳсулоти қимати истеҳсолнамудаи худро ба фурӯш бароварда наметавонанд. Ба ғайр аз ин кулолгарон наметавонанд хароҷоти кори худро бароранд.
Истеҳсоли кулолгарии тоҷикон дар марҳилаҳои таърихии худ ҳама давраҳо пешрафти худро аз сар гузаронид: аз кулогарии хонагӣ то истеҳсолоти замонавии муосир. Дар асри XX истеҳсоли кулолгарӣ бо пуштибони аз давлат натанҳо фарҳанги миллии тоҷикон, балки дар асл хоҷагии мардумӣ гардида буд.
Таҷрибаи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мазмуни аслии кори кулолгарӣ бо якҷоягии истеҳсолоти саноатӣ, касбӣ ва эҷодии мардумӣ мунтаҳо дар ҳаёти иҷтимоию — иқтисодии мамлакат бо нигоҳдошти махсусияти анъанаву фарҳанги тоҷикон вай бояд нақши асосиро бозад. Кулолгарӣ дар болоравии худшиносии миллӣ бо нерӯи махсусияти истифода ва бавуҷудоварӣ сарчашмаи маълумотӣ барои таърихи фарҳанги миллӣ мегардад.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”