Шурӯъ аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳоро боз мекунад

‍Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳурияв ҶӮ шурӯъ аз 1 октябр вуруд ба Ӯзбекистон ва хуруҷ аз он тавассути тамоми гузаргоҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва мошингард иҷозат дода мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ин кишвар ба «UzNews.uz» иттилоъ додааст.

Ба ҳукумат супориш дода шудааст, ки бо давлатҳои хориҷӣ оид ба зиёд кардани шумораи ҳамаи намудҳои хатсайрҳои байналмилалӣ (ҳавоӣ, роҳи оҳан, автобусҳо) гуфтушунид анҷом диҳад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 октябр шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳо дар марзи Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, ҳангоми доштани маълумотнома бо ташхиси манфии ПТР барои коронавирус 14 рӯз дар хона карантин хоҳанд шуд. Дар сурати надоштани маълумотнома онҳо аз ҳисоби худ дар нуқтаи гузаргоҳӣ ташхис месупоранд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, барои онҳое, ки тавассути ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, қоидаҳои зерин муқаррар карда шудаанд:

Ба шахсоне, ки дар 14 рӯзи охир дар кишварҳои минтақаи «сабз» буданд, иҷозат дода мешавад, ки бидуни маҳдудият ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд. Ба қатори чунин кишварҳо Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Австрия ва Япония дохил мешаванд.

Ба шахсоне, ки аз кишварҳои минтақаи «зард» — Озарбойҷон, Беларус, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ба истиснои Британияи Кабир ва Испания) ва инчунин аз минтақаи «сурх» (ҳамаи кишварҳои дигари ҷаҳон) меоянд, танҳо дар сурати доштани ташхиси манфии ПТР, ки давоми 72 соати охир гирифта шудааст, вуруд ба қаламрави Ӯзбекистон иҷозат дода мешавад.

Дар сурати мавҷуд набудани чунин ташхис бо натиҷаи манфӣ, мусофир барои парвоз ба Ӯзбекистон ба қайд гирифта намешавад.

Ҳангоми доштани натиҷаи манфӣ шахсро ихтиёран давоми 14 рӯз ба карантини хонагӣ ё ба меҳмонхона мефиристанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи COVID-19 дар Ӯзбекистон 15 март ошкор гардид. Баъдан, бинобар хавфи паҳншавии коронавирус, мақомоти ин кишвар робитаҳои нақлиёти мусофирбарро бо дигар давлатҳо манъ карданд ва марзҳоро бастанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то субҳи 18 сентябр дар Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 49 761 ҳолати сирояти коронавирус ва 415 фавт ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE