Давлатҳои СААД оид ба вазъи Афғонистон изҳороти муштарак таҳия мекунанд

Кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар иҷлосияи ғайринавбатӣ ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ оид ба вазъ дар Афғонистон изҳороти муштарак таҳия карда шавад. Дар ин бора Дабири кулли СААД Станислав Зас (ДАР АКС) изҳори назар кардааст.

Тавре қаблан хабар додем, 23 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. «Имрӯз зимни муҳокима сарони давлатҳои мо чунин андешаро иброз доштанд, ки бояд дар муддати кӯтоҳ мавқеи мувофиқашудаи СААД оид ба вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон ва атрофи он рух медиҳад, муайян карда шавад. Мо ин корро дар ояндаи наздик анҷом медиҳем. Ба иҷлосия [Шӯрои СААД], ки 15-16 [сентябр] баргузор мешавад, мо изҳороти муштаракро оид ба вазъ дар Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар он мавқеи муттаҳидшудаи ҳамаи давлатҳои мо ифода хоҳад ёфт, омода месозем», -иқтибос меорад ТАСС суханони Дабири кулли СААДро.

Зас гуфт, ки сарони кишварҳои узви СААД зарурати муттаҳид сохтани талошҳоро бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба Афғонистон таъкид намуданд. «Бешубҳа, имрӯз зарурати ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо СҲШ дар мавзӯи Афғонистон ба миён омадааст», — гуфт ӯ.

Ба гуфти ӯ, иштироки Узбекистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД аз он шаҳодат медиҳад, ки шарикони ин созмон омодаанд вазъ дар Афғонистонро муҳокима кунанд ва эҳтимол амалҳои худро ҳамоҳанг созанд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи  навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар шакли ҳузурӣ 16 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE