Кобул: Ҳомили таркишҳои нав ДОИШ ё “Толибон”?

Дар ҳоле, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ аз нақзи ҳуқуқи инсон ва қатлу бераҳмӣ дар Афғонистон бонг мезананд, “Толибон”* ҳанӯз ҳам аз амалҳои ғайриинсониву куштори мардуми бегуноҳ даст намекашанд. Ахиран, дирӯз, пас аз огоҳиву таҳдидҳо барои нарафтан ба фурӯдгоҳҳо дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Кобул силсилаи таркишҳо ба амал омад, ки боиси ҳалокати мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакон гардид. Хабар дода мешавад, ки ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби ҷангиёни маргталаб анҷом дода шудаанд.

Шаби гузашта шаҳри Кобул боз ҳам оғӯштаи хуни мардуми бегуноҳ гардид. Дар як шаб дар фурӯдгоҳи пойтахти Афғонистон панҷ таркиш ба амал омадааст, ки дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз сокинони осоишта ва низомиёни амрикоӣ ба ҳалокат расидаву ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода шудааст, ки чор таркиш дар маҳалли майдони ҳавоӣ ва як таркиши дигар дар соҳаи Пули сӯхта, макони маъруф ба маҳалли муъдодон, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул рух додааст.

Бино ба суханони шоҳидони ҳодиса, ду таркиш ҳангоми намози шом ва ду таркиши дигар миёни соатҳои 10 то 11 – у 30 дақиқаи шаб ба вақти Кобул рух додааст. Бино ба иттилои ин манбаъ, дар пайи таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул беш аз 100 нафар куштаву ҳудуди 200 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон, аз кушта шудани 12 сарбози амрикоӣ низ гузориш дода мешавад. Аммо ин иттилоъро ягон манбаи расмӣ тасдиқ накардааст.

Ҳамлаи аввал ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гуруҳи ДОИШ* ба зимма гирифтааст. Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд. Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи “Толибон”* аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳамла ба мошини ҷангиёни толиб аз сӯи кадом гуруҳ анҷом шудааст, маълум нест.

Шумораи дақиқи қурбониён ва маҷрӯҳон дар таркиш дар фурудгоҳи Кобул ҳанӯз маълум нест. Маълумоти пешакӣ дар бораи 70 захмӣ ва 13 кушта гузориш дода мешавад. Аз рӯи наворҳое, ки сокинони Кобул паҳн мекунанд, шумораи кушташудагон ва маҷрӯҳон хеле зиёдтар аст.

Расонаҳои Афғонистон ҳамчунин гузориш медиҳанд, ки дар миёни захмиён кӯдакон низ ҳастанд. Тибқи иттилои як қатор расонаҳои амрикоӣ, дар пайи таркиш дар фурудгоҳи Кобул артиши ИМА осеб дидааст. “The Wall Street Journal” аввалин шуда, дар бораи қурбониён бидуни тафсилоти ҳодиса хабар додааст. Яке аз шоҳидони айнӣ, ки дар канори издиҳом буд, гуфт, ки таркиш дар байни ҳазорон нафар рух додааст. “Fox News” шарҳ медиҳад, ки дар натиҷаи таркиш се низомӣ захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дастикам 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд, аммо шумораи кушташудагон ва захмиён метавонад хеле бештар бошад. Таркиш дар минтақаи меҳмонхонаи “Барон” дар рӯ ба рӯи яке аз гузаргоҳҳои фурудгоҳи Кобул, ки қаблан низомиёни Бритониё дар он ҷо буданд, рух додааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, як маргталаб худро дар миёни издиҳом тарконидааст. Вазорати дифои Туркия тавзеҳ медиҳад, ки низомиёни онҳо осеб надидаанд. Сафорати Амрико дар Кобул аз ҳамватанони худ тақозо мекунад, ки бинобар хатари эҳтимолии ҳамлаи нави террористӣ фавран фурудгоҳи Кобулро тарк кунанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE