Душанбе: Ҷаласаи муштараки прокуророни генералии Тоҷикистону Русия доир шуд
Шоми дирӯз ҳайати Прокуратураи генералии Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон истиқбол гирифт.
Тавре аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, субҳи имрӯз дар Боғи “Ғалаба” баҳри пос доштани хотираи қаҳрамонону иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди оташи ҷовидон маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.
Имрӯз соати 10:00 дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи муштараки ҳайатҳои прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия оғоз шуд. Дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дурнамои баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба масъалаҳои мубрами прокуратура мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Прокуратураи генералии Русия бо даъвати ҷониби Тоҷикистон бо сафари кории дурӯза ба Душанбе ташриф овардааст.