Мулоқоти Пешвои миллат бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро дар ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо ҷобаҷогузории идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ қарданд.
Вобаста ба вазъи мураккаб дар Афғонистон масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир, муҳокима гардид.
Дар ин зимн иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ” зарур шумурда шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураи кишварҳо дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, баррасӣ гардид.