Душанбе: Имрӯз мавсими гармидиҳӣ оғоз гардид
Шурӯъ аз 18 октябри соли 2021 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд, – хабар медиҳад маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик».
Интиқоли гармӣ 18 октябр оғоз ёфта бошад ҳам, тавре мутахассисон иброз доштанд, Марказ баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррари корӣ ворид мегардад. Ба иттилои масъулин, имсол нархи гармӣ тағйир наёфтааст. Барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаъи майдони гармшаванда бо назардошти ААИ 1,18 сомониро ташкил медиҳад. Барои ташкилоти буҷетӣ — 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи истеъмолкунандагони дигар — 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).
Марказ дар тобеияти худ марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро доро мебошад. Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 бо истифода аз ангишт кор мекунад ва барои мавсим ба анборҳои он соли ҷорӣқариб 820 ҳазор тонна ангишт кашонда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин марказ пурра ангишти истеҳсоли худӣ истифода мешавад. Кашондани ангишт имрӯзҳо идома дорад. Иншооти боқимондаи Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо газе, ки аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон ворид карда мешавад, кор мекунанд.
Мувофиқи Нақша дар ин давра Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо иқтидори 460 МВт неруи барқ ва 515 г.калория гармӣ кор мекунад. Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегарданд, ки нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад. Миёни онҳо 2211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактабу кӯдакистон, 315 корхона ва ташкилот мавҷуданд.