Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои XXIV байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии ИДМ иштирок менамояд
20-22 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи навбатии XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода намояндагӣ намуда, дар он суханронӣ мекунад.
Дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, натиҷаи фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар солҳои 2019-2021, иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII, инчунин якчанд масъалаҳои марбут ба соҳаи геологияи ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Дар кори ҷаласа иштироки аъзои Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ ва коршиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIII Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар он тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ соли 2020 дар шаҳри Тошканд гузаронида шавад. Вале бинобар вазъи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон соли гузашта баргузории он ба таъхир афтод.