Дар Маҷлиси миллӣ масъалаҳо оид ба содироти молу маҳсулот баррасӣ гардиданд
Имрӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода дар мавзӯи “Иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ оид ба содироти молу маҳсулот” муҳокимаи парлумонӣ доир гардид.
Дар он масъалаҳои “Арзёбии иқтидори содиротии иқтисодиёти Тоҷикистон”, “Имкониятҳои дурнамои истифодаи иқтидори содиротии соҳаҳои саноати Тоҷикистон”, “Самтҳои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии соҳаҳои комплексии агросаноатӣ: мушкилот ва дурнамо”, “Такмили сиёсати савдои хориҷии Тоҷикистон дар самти содирот”, “Мушкилиҳои такмили рушди интститутсионалӣ ва ҳуқуқии содироти молу маҳсулоти ватанӣ” ва “Роҳҳои густариш додани сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили афзоиши иқтидори содиротӣ” баррасӣ гардиданд.
Оид ба мавзӯъҳои мазкур коршиносону мутахассисон аз вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.