Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич бо ҷурми ришвагирӣ дастгир шуд

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич Суҳбатулло Санатуллозода барои ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрванд «А» беш аз 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

«Суҳбатулло Санатуллозода дар мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд «А» барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ маблағи 102 702 сомониро гирифта, тасарруф намудааст ва ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Суҳбатулло Санатуллозода бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE